Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Иди Фитр дар ҷаҳон ва Тоҷикистон


Мусулмонони тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ба таҷлили Иди Фитр шурӯъ карданд. Имрӯз дар Тоҷикистон расман таътил эълон шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи гузашта дар паёми табрикии худ ба муносибати Иди Фитр мардуми кишварашро даъват кард, то ба ятимону афроди ниёзманд кӯмак расонанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, субҳи барвақт масҷидҳои ҷомеъи пойтахти Тоҷикистон лабрез аз афроди эътиқодманд буд, ки барои гузоштани намози ид омада буданд.
Пас аз анҷоми намоз, тибқи анъана мардум ба зиёрати гӯрҳои гузаштагони хеш мераванд ва ба дидори беморону афроди ниёзманд.
Дар Тоҷикистон атфол ба хонаҳо мераванд ва дар ивази муборакбодӣ ба соҳибони хонаводаҳо идона мегиранд. Телевизиони ин кишвар субҳи имрӯз доир ба кӯмакҳои хайрияи бархе аз идораҳои давлатӣ ва соҳибкорон ба ятимхонаву парасторгоҳи маъбон гузориш дод.
XS
SM
MD
LG