Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои мақоми президенти Қазоқистон 5 номзад мубориза хоҳанд бурд


Рӯзи душанбе, 24 октябр, марҳалаи сабти номи довталабҳо барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистон ба поён расид. Интихоботи раҳбари Қазоқистон ба рӯзи 4 декабр муқаррар шудааст. Кумиссиюни интихоботи кишвар аз 18 нафаре, ки номзадиашон пешбарӣ шуда буд, танҳо 5 нафарро сабти ном кард. 1 нафар қаблан номзадиашро пас гирифт. 5 нафар ба иллати насупурдани имтиҳон аз забони давлатӣ низ пеш аз марра тарки мубориза карданд. То марҳалаи сабти ном 12 номзад монда буд, вале кумиссиюни интихобот ба далели камбуди аснод ва теъдоди лозими имзои тарафдоронашон аризаи сабти номи 7 довталабро радд намуд.

Аммо 5 нафаре, ки ба интихобот роҳ ёфтанд, инҳоянд: Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури феълии Қазоқистон, Жармахон Туякбой, раиси собиқи порлумон ва раҳбари эътилофи мухолифин бо номи "Барои Қазоқистони боадолат", Мэлс Елейсизов, раиси иттиҳодияи зистмуҳитии "Табиат", Ерасил Абулқосимов, узви маҷлиси поёнии порлумон ва Алихон Бойимонов, раҳбари ҳизби "Оқ Жол"("Роҳи Сафед"). Маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар Қазоқистон рӯзи 25 октябр, дар рӯзи истиқлолияти он кишвар оғоз ёфта ва то 2 декабр давом хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG