Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе - мизбони нишасти вазирони ИДМ


Вазирони умури сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар нишасти навбатии худ дар Душанбе коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ, ислоҳот дар низоми сохтмони ин кишварҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаашонро баррасӣ мекунанд. Субҳи рӯзи ҳабдаҳуми октябр, дар маҷмаъи Кохи Ваҳдати пойтахти Тоҷикистон нишасти навбатии Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон шурӯъ шуд. Талошҳо баҳри пурбардошт сохтани иншоот барои эмин нигоҳ доштан аз харобӣ дар офатҳои табиӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва табиӣ ва бо назардошти ин нукоти нав пиёда кардани ислоҳот дар соҳаи сохтмони кишварҳои Муштаракулманофеъ ва ҳамкорӣ миёни ин давлатҳо аз мавзӯъҳои аслии ин нишасти серӯза хоҳад буд. Мулоқоти вазирони умури сохтмони кишварҳои Муштаракулманофеъ бо Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон низ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG