Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси фақр ва занон дар Душанбе


Занон ва фақр, табъизи эшон, занон ва мухолифатҳои мусаллаҳона, ҳузури онҳо дар сохторҳои давлатӣ ва масоили дигари марбут ба занон дар ҳамоиши созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон ба муносибати 10-умин солгарди эъломияи байналмилалии Пекин оид ба ҳуқуқи занон, дар пойтахти Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси анҷумани занони маълумотдори Тоҷикистон, ҳамзамон вакили чаҳорумин ҳамоиши байналмилалии эъломияи ҳуҳуқи занон дар Пекин ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи ин 10 сол дар Тоҷикистон, дар роҳи пиёда гаштани барномаи амали эъломияи Пекин корҳои чашмрас анҷом дода шудааст: "Яке аз онҳо зуроварӣ нисбати занон, маърифатнокии занон, коҳиши фақр, танзими оила мебошад, ки дар Тоҷикистон оид ба пиёда кардани ин самтҳо корҳои зиёд карда шуд."
Аммо Гулчеҳра Мирзоева, раиси созмони ғайридавлатии «Модар» гуфт, ҳарчанд баъзе корҳои муҳим анҷом дода шудааст, аммо аксари мушкилоти мухталифи ҳаёти занон ба таври пешин боқӣ мондааст: "То замоне ки мушкилоти иқтисодӣ, аз ҷумла бекорӣ дар ин кишвар ҳалли худро наёбад, мушкилоти дигари ҳаёти занон ҳал намешавад."
Тоҷикистон яке аз 197 кишвари ҷаҳон аст, ки ба эъломия Пекин оид ба ҳуқуқи занон пайвастааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG