Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди "Собир Седой" ба Тоҷикистон


Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба бозпурсии як тан аз ширкатдорони ошӯбҳои зиддиҳукуматӣ дар ин кишвар шурӯъ кардааст, ки аз Русия ба Душанбе истирдод шуд. Собирҷон Мамадҷонов, ки дар Русия бо шиносномаи тақаллубӣ ба сар мебурдааст, рӯзи якшанбе ба пойтахти Тоҷикистон бозпас фиристода шуд. Раҳбари идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Саид Ҷӯрақулов гуфт, Собирҷон Мамадҷонов муллақаб ба "Собир Седой" ба гаравгонгирӣ, ширкат дар муқовиматҳои мусаллаҳона алайҳи давлат дар солҳои 1995-1997, талоши табадуллоти давлатӣ ва таҷовуз ба номус, роҳзанӣ ва куштор муттаҳам мешавад.
Собирҷон Мамадҷонов, яке аз аъзои гурӯҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев то соли 1999 дар қаламрави Тоҷикистон ба сар бурда, вале баъдан бо дарёфти шиносномаи тақаллубӣ ба Русия сафар кардааст.
Русия аз оғози соли равон то кунун 10 муттаҳам ба ҷиноятҳоро ба Тоҷикистон истирдод кардааст.
XS
SM
MD
LG