Илҳомҷон Назиров, додситони ноҳияи Тоҷикобод, ки дар қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҲДТ ба ҳайси ҷабрдида ширкат мекунад, гуфт, дар нисбати Искандаров ягон даъво надорад ва мутмаин нест, ки ҳамлаи мусаллаҳона ба бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ ва додситонии Тоҷикобод дар шаби 27 августи соли 2004, аз ҷониби гурӯҳи муташаккили тобеъи Искандаров сурат гирифтааст. Ҷаноби Назиров, ки дар мурофиаи рӯзи душанбе дар додгоҳ баёнот медод, афзуд, дар амалиёти тахрибкорие, ки соле қабл дар назди бинои шӯъбаи умури дохилии ин ноҳия сурат гирифтааст, намояндагони гурӯҳи ҷиноии Ёрибек Иброҳимов, маъруф ба «Шайх», даст доранд. Ҳамзамон, ду нафари дигар - Маҳмуд Убайдов ва Исмоил Ғиёсов, ки дар мурофиа ба ҳайси ҷабрдида ширкат варзиданд, ба додрас Зафар Азизов гуфтанд, ки нисбати Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳеҷ иддао надоранд. Дар ҳамин ҳол, Искандар Саидов, собиқ мудири бахши равобити иқтисодии хориҷии муассисаи «Тоҷикгаз», ки ахиран аз сӯйи додгоҳи шаҳри Душанбе бо ҷурми аз худ кардани маблағҳои давлатӣ барои 9 соли зиндон маҳкум шудааст, ба сифати шоҳид дар мурофиаи оқои Искандаров иштирок кард ва гуфт, дар нопадид шудани се вагон алюминиум, ки ӯ ва Искандаровро дар он муттаҳам медонанд, онҳо даст надоранд. Ба гуфтаи Искандар Саидов, бештари асноде, ки дар бораи азхудкунии маблағҳои «Тоҷикгаз» шаҳодат медиҳанд, аз сӯйи бозрасон ва муфаттишони додситонӣ қалбакӣ сохта шудаанд. Оқои Саидов ҷиҳати исботи ин далел гуфт, бозрасе аснои тафтиши корхонаи «Тоҷикгаз» ба ӯ таҳдид кардааст, дар ҳоле ки 50 ҳазор доллари амрикоӣ ришва надиҳад, ӯро дар дуздидани се вагон алюминиум муттаҳам хоҳанд кард.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз додрас Зафар Азизов дубора тақозо кард, то наҳваи интиқоли вай аз Маскав ба Душанбе мушаххас шавад ва ӯро дубора ба Маскав бозпас фиристанд. Додгоҳ дар навбати худ ин масъаларо кушода боқӣ монд. Раҳматулло Валиев, ноибраиси ҲДТ мегӯяд, рӯзҳои наздик Анна Ставитская, вакили мудофеъи Искандаров дар Маскав як идда санадҳо оид ба хатсайри парвози Искандаров аз Маскав ба Душанберо ба додгоҳи Тоҷикистон ирсол медорад, ки далели рабуда шудани Искандаров ва ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон интиқол ёфтани ӯро собит хоҳад кард.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе