Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Искандаров барои мушаххас кардани наҳваи интиқоли ӯ


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон дар мурофиаи ахири додгоҳ гуфтааст, то мушаххас шудани наҳваи интиқоли вай аз Русия ба Тоҷикистон, ӯ аз ҳар гуна суолу ҷавоб бо додгоҳ худдорӣ хоҳад кард. Ҷаноби Искандаров интиқоли худ аз Маскав ба Душанберо аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон дуздӣ ва як амали ғайриқонунӣ ҳисобида аз додгоҳи олӣ тақозо кардааст, то ӯро дубора ба Маскав бозпас фиристанд. Зафар Азизов, раиси мурофиаи додгоҳӣ дар посух ба дархости ҷаноби Искандаров гуфт, баррасии ин масъала кушода боқӣ мемонад ва додгоҳ ба муҳокимаи ин дархост бармегардад. Дар ҳамин ҳол, Меъроҷ Ҳакимов, айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, Искандаров рӯзи 17-уми апрел дар шаҳри Душанбе дастгир шудааст ва аз ҷайбаш шиносномаи тақаллубии шаҳрвандии Русия, ки Искандаров барои худаш бо номи Геннадий Билайнов сохтааст, дарёфт гардидааст. Аммо ба гуфтаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, вақте ӯро аз шаҳри Королёваи назди Маскав рабуданд, дар танаш танҳо либосҳои варзишӣ ва қуттии сигору телефони бесим доштааст. Оқои Искандаров афзуд, вале шиносномаи тақаллубӣ бошад, ҳангоми тафтиши дубораи ӯ дар боздоштгоҳи вазорати амнияти Тоҷикистон пайдо шудааст ва ба вай мансуб нест. Аъзам Бадриддинов, вакили мудофеъи раиси Ҳизби демократ ҷиҳати тасдиқи ин далел, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров воқеан аз шаҳри Королёваи назди Маскав рабуда шудааст, гуфт, дар чиптаи парвози ӯ танҳо мӯҳри хатсайри Душанбе-Маскав зада шудааст, аммо мӯҳри тасдиқкунандаи бозгашти Искандаров аз Маскав ба Душанбе дар чиптаи ӯ вуҷуд надорад. Зафар Азизов, раиси мурофиаи додгоҳӣ гуфт, баррасии ин ва дигар ҷузъиёти парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар рӯзи душанбеи 15-уми август идома хоҳад ёфт.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG