Барои нахустин бор дар Тоҷикистон маркази дифоъ аз ҳуқуқи васоити ахбори умум ва журналистон таъсис ёфт. Ҳуринисо Ализода, мудири маркази тозатаъсис мегӯяд, зарурати пиёда кардани чунин як барномаро воқеияти рӯзгор ба миён овардааст, зеро надонистани меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби рӯзноманигорон ва ҳамчунин намояндагони ниҳодҳои дигари кишвар, дар аксар маворид, боиси ихтилофот ва бархӯрдҳо мегардад. Хонум Ализода гуфт, ин марказ алъон ба рӯзноманигорон машваратҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод ва дар оянда дар назар аст, ки аз ҳуқуқи эшон дар додгоҳ ва ҷойҳои дигар пуштибонӣ намояд. Маркази тозатаъсиси дифоъ аз ҳуқуқи васоити ахбори умум дар Тоҷикистон, дар пайи сафари як ҳайати кории бунёди ҳуқуқи башар ба ин кишвар дар соли гузашта таъсис ёфтааст ва ҷиҳати роҳандозии ин барнома дар Тоҷикистон, бунёди ҳуқуқи башар дар Хелсинки ҳудуди 10 000 доллар тахсис додааст. Интизор меравад, дар ояндаи наздик, намояндагии маркази дифоъ аз ҳуқуқи васоити ахбори умум дар вилоятҳои Тоҷикистон низ ташкил шавад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
Сафаргул Олимӣ, Душанбе