Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози UNHCR аз амали мақомоти Тоҷикистон


Намояндагии Кумиссариёи Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон унвонии вазорати умури хориҷии ин кишвар як эътирознома дар бастагӣ ба ихроҷи даҳ шаҳрванди Афғонистон ва як шаҳрванди Нигерия фиристодааст. Хуршед Юнусов, масъули бахши ҳифзи ҳуқуқи паноҳандагони идораи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрвандони хориҷӣ ба иллати надоштани иҷозаи иқомат аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд ва айб низ аз худи мақомоти кишвар будааст, ки дар тамдиди мӯҳлати асноди онҳо кашолкорӣ кардаанд.
Хуршед Юнусов мегӯяд, дар эътирозномаи дафтари Созмони Милал омадааст, радди марзи паноҳандагон бидуни хоҳиши худи онҳо хилофи қавонини байналмилалӣ ва миллист ва ихроҷи шаҳрвандони афғон дар ҳоле ки вазъ дар Афғонистон ноамн аст, набояд сурат мегирифт. Ба қавли ҷаноби Юнусов, паноҳандагон қабл аз ихроҷ дар боздоштгоҳи вазорати умури дохила нигаҳдорӣ шудаанд, вале бо вуҷуди талошҳои кормандони Созмони Милал, ба онҳо иҷозаи дидор бо паноҳандагон дода нашудааст.
Муҳаммад Довуди Панҷшерӣ, сафири Афғонистон дар Душанбе ихроҷи шаҳрвандони кишварашро аз Тоҷикистон амали номатлуб номид ва гуфт, баъд аз боздошти паноҳандагон вай бо вазири кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон сари ин мушкил гуфтушунид доштааст ва вазир ба ӯ ваъда кардааст, то ба ин қазия расидагӣ мекунад ва паноҳандагон аз боздоштгоҳ раҳо хоҳанд шуд. Ҷаноби Панҷшерӣ афзуд, аммо мақомоти Тоҷикистон аз радди марзи шаҳрвандони Афғонистон сафорати ин кишварро дар ҷараён нагузоштаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG