Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғуломҷон Бобоев: Барои шаффофияти кори гумрук ва молиёт аз фанновариҳои муосир кор гирифта хоҳад шуд


Ғуломҷон Бобоев, вазири даромадҳо ва пардохтҳои Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, дар шаш моҳи соли ҳолӣ алайҳи ҳашт корманди ин вазоратхона дар заминаи ришвахорӣ ва сӯистифода аз мақоми давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҷаноби Бобоев аз ҷумла гуфт:
«Дар шаш моҳи соли равон 61 корманди соҳаи молиёт, 68 корманди гумрук ва 27 корманди пулиси молиёт ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ин афрод на танҳо барои ришваситонӣ, ҳамчунин барои роҳ додан ба дигар камбудиҳо ба муҷозот кашида шудаанд. Аз ин миён нӯҳ тан аз мақоми худ барканор гаштанд».


Ғуломҷон Бобоев, вазири даромадҳо ва пардохтҳои Тоҷикистон гуфт, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 150 корманди идораи гумрук ва молиёт дар заминаи фасодзадагӣ ва сӯистифодаи мақоми хидматӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд:
«Аз сӯи бахши мубориза бо ришвахории назди Вазорати даромаду пардохтҳо нисбати панҷ корманди мақомоти молиёт ва се корманди пулиси молиёт аз рӯи банди сӯистифодаи хидматӣ парванда боз ва ба Додситонии кулл фиристода шудааст.Ҳамчунин, айни замон нисбати чанд нафари дигар низ дар ин замина таҳқиқ идома дорад ва агар фактҳои матраҳ шуда тасдиқи худро ёбанд, мавод ба додситонӣ ирсол мешавад».


Дар нишасти хабарии Вазорати даромаду пардохтҳо зикр шуд, зарфи ним соли гузашта мақомоти гумрук 1900 мавориди қонуншиканиро ба ҳангоми анҷоми амалиёти воридоту содирот ошкор сохтаанд. Дар заминаи парвандаҳои баррасӣ шуда аз афрод ва ширкату корхонаҳои тахаллуфкор 450 ҳазор сомонӣ ба нафъи давлат рӯёнида шудааст. Ҳамчунин таъкид шуд, барои шаффофсозии кори мақомоти гумрук ва молиёт вазорати мазкур қасд дорад, то як соли дигар низоми воҳиди сабту пардохти компютериро роҳандозӣ намояд.
Холиқи Сангин, Душанбе.
XS
SM
MD
LG