Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳкими равобити варзишии Тоҷикистон бо Афғонистону Эрон


Созишнома дар бораи ҳамкориҳо миёни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Ба ин санад раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳруллоҳ Раҷабалиев ва раиси Кумитаи миллии олимпии Афғонистон Муҳаммад Анвар Ҷиғдалак имзо гузоштанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Анвар Бобоҷонов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод ва гуфт: "Бар асоси ин созишнома, баргузории мусобиқот дар риштаҳои мухталиф миёни варзишкорони тоҷику афғон, таъсиси синфҳои омӯзишии мураббиёну мутахассисони соҳа дар назар аст».
Масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ҳангоми сафари муовини раисиҷумҳур ва раҳбари Созмони тарбиятбадании Эрон Мӯҳсини Меҳрализода ба Тоҷикистон чанд созишнома дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш миёни ин ду кишвар ба имзо хоҳанд расид. Ҷаноби Меҳрализода дар маросими ифтитоҳи зӯрхонаи «Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ» дар шаҳри Душанбе, ки ба шоми ҷумъаи 15 июл мавқуф гузошта шуд, низ ширкат хоҳад кард.


ФУТБОЛ. Бино ба иттилоъи Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, давраи дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 11 сентябр шурӯъ мешавад. Бозиҳои нимниҳоии ҷоми футболи Тоҷикистон 2 ва 7 сентябр баргузор хоҳанд шуд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ЦСКА-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд барои роҳ ёфтан ба бозии ниҳоӣ рақобат мекунанд. Шавкат Аҳмадов ҳамчунин хабар дод, аз 20 то 28 август дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни истиқлоли Тоҷикистон бо ширкати 10 дастаи лигаи олӣ ва тимҳои мунтахаби ҷавонону наврасони ин кишвар баргузор мешавад.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG