Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуввуми муҳокимаи парвандаи Ҷ.Толибов


Ҳайъати эъзомии додгоҳи вилояти Суғд дар додгоҳи ноҳияи Шаҳристон рӯзи 12 июл, дар рӯзи дуввуми муҳокимаи парвандаи Ҷумъабой Толибов, хабарнигор ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ, бозпурсии афроди муттаҳам, ҷабрдидагон ва шоҳидонро идома додааст. Ҷумъабой Толибов имрӯз дар додгоҳ гуфт, дар ҷараёни тафтишот ба ӯ фурсати шиносоӣ бо мӯҳтавои парвандаро надодаанд ва ӯ мехоҳад бо роҳи суолу ҷавоб бо шоҳидон ва ҷаҷрдидагон бо ҷузътиёти айбҳое, ки бар вай мезананд, хубтар ошно шавад. Оқои Толибов таъқибу боздошт шуданашро бори дигар амали қасдгиронаи мақомоти интизомии ноҳияи Айнӣ дар посух ба матолиби интиқодие номид, ки ӯ дар бораи фаъолияти ин ниҳодҳо дар матбуот нашр кардааст. Ба ақидаи Ҷумъабой Толибов, куллия иттиҳомоти бар зиддаш эълонкардаи тафтишотро радд карда гуфт, парвандаи вай ангезаи ошкори сиёсӣ дорад. Дар баробари Ҷумъабой Толибов ҳамсари ӯ Санавбар Толибова низ дар курсии айбдории додгоҳи ноҳияи Шаҳристон нишастааст. Тафтишот Санавбар Толибоваро ба таҳқири афрод муттаҳам мекунад, вале вай ба фарқ аз шавҳараш дар ҷараёни тафтиши парванда дар боздошт қарор надошт.


Дар ду рӯзи аввали муҳокимаи парвандаи Ҷумъабой Толибов дар толор намояндагони мақомоти расмии ноҳияи Айнӣ ҳузур надоштанд, аммо Ҷӯрабек Сангинов, додраси додгоҳи вилоятӣ ва қозии мурофиаи мазкур рӯзи 12 июл дар додгоҳ гуфт, ки бояд чанде аз мақомоти раҳбарии ноҳияи Айнӣ, бо шумули раиси ҳукумати ноҳия Мавҷуда Бобоева барои додани шаҳодат ба додгоҳ даъват карда шаванд. Қарор аст, мақомоти раҳбарии ноҳияи Айнӣ ва ҳамчунин чанде аз кормандони шӯъбаи милисаи он ноҳия алакай рӯзи 13 июл ба додгоҳи ноҳияи Шаҳристон ҳозир шуда, роҷеъ ба қазияи Ҷумъабой Толибов шаҳодат диҳанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, аз ноҳияи Шаҳристон
XS
SM
MD
LG