Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани чанд мавриди фасод дар Қӯрғонтеппа


Қӯрғонтеппа

Додситонии вилояти Хатлон раиси маркази вилоятии мубориза бо СПИД-ро бо ҷурми тақаллуби аснод ва дар зимн тасарруфи маблағҳо, ки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бунёди Сорос ва созмони беҳдоштии ЮСАИД ба ин марказ кӯмак кардааст, муттаҳам дониста ва дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Абдулло Давлатов, сардори шӯъбаи мубориза бо фасоди молии додситонии Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, Искандар Самадов, раиси маркази мубориза алайҳи бемории СПИД-и вилояти Хатлон дар муддати ду сол ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ, муодили бештар аз 30 ҳазор доллари амрикоиро барои манофеъи шахсии худ истифода кардааст: "Самадов аз хешутабории дорухонаи хусусии «Оила» истифода карда ва дар ҳоле ки медонист, ин дорухона аз соли 2000 ба ин сӯ фаъол нест, аз тариқи мӯҳри он ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб дода ва дар муддати аз ду сол бештар фақат бо ҳамин роҳ 34 ҳазор сомониро тасарруф кардааст."

Дар ҳамин ҳол, Алимуҳаммад Солеҳов, як корманди Маркази мубориза бо СПИД-и вилояти Хатлон, ки тибқи иттилоъи додситонии Хатлон, оқои Самадов аз номи ӯ аснод таҳия карда ва чанд дарсади маоши моҳонаашро ғасб кардааст, ин иттиҳомот дар ҳаққи раиси маркази зикршударо тасдиқ кард: "Самадов дар Маркази мубориза бо СПИД бо ман шартнома карда ва 81 сомонӣ маоши моҳона таъин кард. Вале зимни маошгирӣ ба ман фақат 40 сомонии онро пардохт мекард. Чун ба ӯ дар ин маврид муроҷиат кардам, гуфт, агар ба ин тартиб нахоҳӣ, кор накун. Ҳамчунин ман гӯё чанд ҳазор сӯзандору гирифта, ба нашъамандон тақсим кардам. Дар ҳоле ки ман ягон дона сӯзандору ҳам нагирифтаам."

Ин дар ҳолест ки тибқи иттилоъи Абдулло Давлатов, додситонии Хатлон дар ҳамкорӣ бо идораи назорати молиявии вилоят фасоди молӣ дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Вахшро ошкор ва дар зимн парвандаи ҷиноӣ боз кардааст: "Қутбиддин Холов, сармуҳосиби шӯъбаи маорифи ноҳияи Вахш, шурӯъ аз моҳи августи соли 2003 то моҳи марти соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо Маҳмадсаид Тоиров, мудири шӯъба ва Ҷумъахон Маҷидов, хазинадори шӯъбаи маорифи ноҳияи мазкур бо сӯъиистифода аз ваколатҳои хизматӣ, тартиб додани асноди тақаллубӣ ва гузоштани имзо ба ҷои омӯзгорон 106 000 сомониро тасарруф ва миёни ҳам тақсим кардаанд."

Ба гуфтаи оқои Давлатов, тафтишот дар мавриди парвандаҳои мазкур идома дорад ва дар сурати тасдиқи иттиҳомоти эъломшуда, тибқи қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ин нафарони муттаҳам ба фасодкор метавонанд аз 7 то 10 сол ҳукми зиндон бигиранд.
Бароти Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG