Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони адлияи кишварҳои узви ЕврАзЭС дар Душанбе


Ҷаласаи Шӯрои вузарои адлияи кишварҳои узви Ҷомиаи Ҳамкориҳои Иқтисодии Авруосиё бо имзои чанд санади ҳамкорӣ ба кори худ поён дод. Созишнома дар бораи табодули иттилоъоти ҳуқуқӣ миёни вазоратхонаҳои адлияи кишварҳои узви ин ҷомиа, ба гуфтаи Гулчеҳра Шарифова, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, аз муҳимтарин ин аснод мебошад. Хонум Шарифова дар мавриди аҳамияти ин санад гуфт: "Ин санад як навъ заминаи ҳуқуқии фаъолият ва ҳамкориҳои моро таъмин мекунад. Созишномаи мазкур ҳамчунин таҳияи барномаи муштараки иттилоърасонии ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии кори ташкили хазинаи миллии маълумоти ҳуқуқии кишварҳоро пешбинӣ мекунад ва дар маҷмӯъ ба рушди шабакаи иттилоъоти ҳуқуқӣ миёни ниҳодҳои зирабти кишварҳои узв нигаронида шудааст."

Вазирони адлияи кишварҳои узви Ҷомиаи Ҳамкориҳои Иқтисодии Авруосиё дар нишасти худ дар шаҳри Душанбе ҳамчунин дар мавриди баргузории як нишасти байналмилалии илмӣ ва ҳуқуқшиносӣ ва таъсиси давраҳои махсуси муштараки омӯзишӣ барои кормандони вазоратҳои адлияи кишварҳои узви ин созмон ба тавофуқ расидаанд. Дар ин нишаст вазирони адлияи Русия, Қазоқистон, Белоруссия, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар нишасти вазирони адлия ҳамчунин Халифабобо Ҳомидов, вазири адлияи Тоҷикистон, ба ҷойи Юрий Чайка, вазири адлияи Русия, раиси давраии Шӯрои вузарои адлияи Ҷомиаи Авруосиё интихоб шудааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG