Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳабси ду узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон


ноҳияи Спитамен

Ҳайъати сайёри додгоҳ аз ноҳияи Масчо ду узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон -- Низомиддин Бегматов ва Насим Шукуровро ба авбошӣ айбдор айбдор карда, аввалиро ба 1 ва дуюмиро ба якуним соли зиндон маҳкум намуд, аммо айбдоршавандаҳо, вакилони онҳо ва раҳбарияти ҳизб гуфтанд, ин ҳукм дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Дар мурофиа, дар ноҳияи Спитамен, гуфта шуд, ки номбурдагон дар рӯзҳои омодагӣ ба интихоботи порлумонии 27-уми феврал нисбати раиси додгоҳи ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов авбошӣ кардаанд. Онҳо ба ҳуҷраи кории ӯ барои он омада буданд, ки аризаи шикоятиро аз болои кумисюни интихоботӣ, ки номзадии онҳоро ба қайд нагирифтааст, бисупоранд ва гӯё раиси додгоҳ аризаи онҳоро қабул накардааст. Дарҳол баъд аз эълони ҳукм Низомиддин Бегматов гуфт, вай бегуноҳ аст ва ин ҳукм бо хости ҳукумати вилоят ва марказ ба миён омадааст. Вакил Бахтиёр Насруллоев мегӯяд, ҳукм тамоман ғайриқонунӣ ва яктараф мебошад, зеро ҳимоякунандагон исбот карданд, ки дар рафтори Бегматов ва Шукуров ягон амали ҷиноӣ мавҷуд набудааст. Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров гуфтааст, ҳукмро мавриди шикоят қарор хоҳад дод.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, ноҳияи Спитамен
XS
SM
MD
LG