Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши эътирозии хешовандони аъзои маҳкумшудаи "Байъат" дар Чоркӯҳи Исфара


Намоиши эътирозии хешовандони гурӯҳи зиндонишудаи «Байъат» субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 1 июн дар маркази ҷамоати Чоркӯҳ, 130 - километрии шарқи Хуҷанд, бештар ба як ҷамъомади хомӯшона шабоҳат дошт. Тақрибан 50 тан аз пайвандони афроди маҳкумшуда, ки ағлаби онҳоро занон ва духтарон ташкил медоданд, бидуни иҷозаи мақомоти ноҳияи Исфара дар кӯчаи марказии Чоркӯҳ ҷамъ омаданд, то ин ки ба ҳамин тарз норизоияти худро аз ҳукми додгоҳи вилояти Суғд нисбат ба наздиконашон баён кунанд. Ду нафар аз онҳо бо худдорӣ аз зикри номи худ дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар бораи ҳадафи ин намоиши эътирозӣ чунин гуфтанд: «Фарзандони моро бо маълумотҳои нодуруст аъзои гурӯҳи «Байъат» гуфтанд, ки ин сохтакорист. Гурӯҳи «Байъат» дар ҳеҷ куҷо нест. Гурӯҳи «Байъат» -ро вайҳо аз худашон сохта , бачаҳои моро ба ҳабс гирифтанд.» «Мо аввалан ба президент муроҷиат мекунем, ба воситаи суханамон ва мегӯем, ки ҳамин қазияро аз сари нав бубинанд.»

Ёдовар мешавем, ҳафтае қабл додгоҳи вилояти Суғд 7 тан аз аъзои гурӯҳи «Байъат» - ро, ки сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи ҳамин ноҳия мебошанд, дар як идда ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштор гунаҳкор донист ва аз 6 то 25 сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ куштори Сергей Бессараб, рӯҳонии калисои баптистии шаҳри Исфараро дар ибтидои соли гузашта амали ду тан аз аъзои ҳамин гурӯи ҷиноӣ донистааст. Аслан боздошти гурӯҳе бо номи «Байъат низ аз ҷониби мақомоти амниятиву интизомии Тоҷикистон зимни тафтиши қазияи куштори ин рӯҳонии баптист эълон гашта буд.

Аммо мақомоти шаҳрдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Исфара аз намоиши эътирозии пайвандони аъзои гурӯҳи «Байъат» изҳори бехабарӣ намуда, гуфтанд, дар бораи баргузории кадом як намоиши эътирозӣ ба тариқи қонунӣ ба онҳо дархосте нарасидааст. Ба назари онҳо, ҳама гуна даъвои афроди бо ҷурми фаъолият дар гурӯҳи «Байъат» маҳкумшуда ва арзу доди пайвандони онҳо бояд танҳо бо роҳи қонунӣ ва дар додгоҳ мавриди ҳаллу фасл қарор бигирад.

Ҷӯрабек Сангинов, додраси додгоҳи вилояти Суғд, ки бозбинии додгоҳии қазияи аъзои гурӯҳи ҳафтнафараи «Байъат» - ро анҷом додааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҳкумин аз ҳукми додгоҳ шикоят намуда, баррасии такрории парвандаи ҷиноии худро тақозо кардаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG