Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 63 муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон


Бино ба навиштаи рӯзномаи қазоқии "Айкин"( Дақиқ) ахиран 63 нафар муҳоҷири тоҷик, ки савори мошини боркаши КАМАЗ аз ноҳияи Қазигурти вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ мегузаштанд, аз ҷониби кормандони пулиси ноҳия боздошт шуданд.
Муаллифи мақола навиштааст, ронандаи қазоқистонии КАМАЗ, хостааст, муҳоҷиронро то шаҳри Туркистон бурда, баъд онҳоро ба Русия гусел намояд. Дусбул Есбергенов - навбатдори идораи пулиси ноҳияи Қазигурт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид намуда гуфт, ки дар байни муҳоҷирон занону бачагон ҳам буданд: "Онҳоро як шабонарӯз нигоҳ дошта, ҳуҷҷатҳояшонро бозрасӣ карданд ва баъд иҷозаи сафар доданд. Ҳамаи онҳо ба Русия рафтанд."
Убури ғайриқонунии марзи Узбакистону Қазоқистон аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик борҳо сурат гирифтааст ва бо фоҷиа низ анҷомидааст. Аз ҷумла, 20 рӯз қабл ҳангоми убури ғайриқонунии марз ронандае, ки муҳоҷирони тоҷикро аз марзи Узбакистон гузарониданӣ буд, таввасути маъмурони интизомӣ таъқиб мегардад ва дар роҳ мошин ба садама дучор гардида, ба асари он 6 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок мешаванд.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG