Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳи Фаронса дар робита ба сӯиқасди зидди Аҳмадшоҳи Масъуд


Додгоҳи Порис бо исботи нақши онҳо дар сӯйиқасд ба ҷони Аҳмадшоҳи Масъуд шаҳрванди Алҷазоир Абдураҳмон Аморудро ба ҳафт соли зиндон ва аз ду шаҳрванди Фаронса -- Одил Тебурски ва Юсуф-ул-Ойнӣ, аввалиро ба шаш ва дуюмиро ба ду соли ҳабс маҳкум кард. Додгоҳ ба исбот расонд, ки ин афрод дар сӯиқасд ба ҷони фармондеҳи машҳури Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд нақши таъминкунандагони маблағ ва асноди қалбакиро бозидаанд. Аммо додгоҳ инро ба исбот расонда натавонист, ки ин сегона ду ситезаҷӯйи тунисиро ба иҷрои сӯиқасд ҷалб карда бошад. Дар он сурат ҷазои онҳо, тибқи қонунҳои Фаронса, на камтар аз 10 солро ташкил медод.
Ду тунисӣ, ки худро журналист муаррифӣ карда буданд, ду рӯз пеш аз ҳамлаҳои террористии ёздаҳуми сентябри соли 2001-ум дар дафтари фармондеҳи Эътилофи Шимоли Афғонистон бомбаеро тарконда, Аҳмадшоҳи Масъудро шадидан захмӣ карданд, ки дертар бар асари ин захмҳо аз ҷаҳон гузашт. Бисёре аз мадорике, ки дар додгоҳҳои мутафовит дар ин бора ироа шудааст, ҳокӣ аз иртиботи муҷримон бо созмони Ал-Қоида аст.
Иҷрокунандагони ҳамлаи террористӣ ба Аҳмадшоҳи Масъуд яке бар асари таркиши бомбаи худ кушта шуд ва дуюмиро ҷонпосони Масъуд ба қатл расонданд.
Бархе гузоришҳо ҳокист, ки шиносномаҳои тақаллубии Белгияро ба террористон шаҳрванди Белгия ва яке аз афроди муҳими Ал- Қоида дар Аврупо -- Тариқ Маъруфӣ омода кардааст. Ӯро додгоҳи Белгия дар соли 2003 ба шаш соли зиндон маҳкум кард.
Аммо додгоҳи Порис ду муттаҳами дигар дар иртикоби ин парвандаро озод кардааст.
XS
SM
MD
LG