Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Субҳи имрӯз ҳам дар Андиҷон садои тирпаронӣ шунида мешуд


Ба думболи хушунатҳои рӯзи ҷумъа, 13 май, авзоъ дар шаҳри Андиҷон дар субҳи шанбе ором ба назар мерасид. Вале бо рӯшантар шудани рӯз садои тирпарониҳо аз силоҳҳои сақилу сабук аз гӯшаҳои мухталифи шаҳр дубора баланд шуд. Дар ин соат, ки ман гузориш медиҳам, ҳанӯз маълум нест, ки ин тирпарониҳо байни кадом нирӯҳо ҷараён доранд.

Ин дар ҳолест, ки маркази шаҳр дар ин соати тирпарониҳо комилан холӣ шуда, дар атрофи сохтмони ҳуқумати Андиҷон, ки рӯзи ҷумъа шоҳиди муқовимату рӯёрӯиҳо буд, субҳи имрӯз касе ба ҷуз аз чанд ҷасади бесоҳиб дида намешавад. Дар паҳлуи бинои ҳукумат сохтмони театри вилоятист, ки то кунун дар панҷаи оташ қарор дорад ва чанд нафари мусаллаҳ дар атрофи он бино ба назар мерасанд. Дар кӯчаҳои Андиҷон теъдоди зиёди мошинҳоеро дидан мумкин ҳаст, ки онҳоро дар ҷараёни даргириҳои дирӯза оташ задаанд.

Дар тӯли дирӯз ва шаби гузашта нирӯҳои амниятӣ тамоми роҳҳои Андиҷонро таҳти ҳифозати шадид гирифта буданд ва то ҳол равуо ба ин шаҳр зери назорати сахт сурат мегирад.

То ҳол шумори расмии кушташудаҳо маълум нест ва аммо қарор аст рӯзи шанбе, 14 май, соати 11 ба вақти Тошканд раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, ки дирӯз худ аз Андиҷон дидан карда буд, дар Тошканд барои хабарнигорон як нишасти хабарӣ дуруст кунад ва ғолибан дар ҳамин нишаст дидгоҳи расмии давлат дар бораи ҳаводиси Андиҷон баён хоҳад шуд.
Мирасрори Фарғонӣ, аз шаҳри Андиҷони Узбакистон
XS
SM
MD
LG