Бинобар гузоришҳои расида аз шаҳри Андиҷони Узбакистон, маъмурони амниятӣ қароргоҳи ҳукумати ин шаҳрро, ки субҳи ҷумъа тавассути шӯришиён ишғол шуда буд, озод кардаанд. Тасарруфи дубораи қароргоҳи ҳукумат аз сӯи нирӯҳои амниятии Узбакистон пас як рӯзи нооромиҳо дар шаҳри Андиҷон сурат гирифт, ки бино ба гуфтаи мақомот, дасти кам 9 кушта ба ҷо гузошт.
Хушунат дар Андиҷон шаби гузашта баъд аз он шурӯъ шуд, ки шӯришиён ба як маҳбаси низомаш шадиди ин шаҳр ҳамла бурда, садҳо маҳбусро озод карданд. Ҳамла ба зиндон ва тазоҳуроти баъдӣ дар атрофи сохтмони ҳукумати Андиҷон мунҷар ба сар задани тирандозӣ миёни нирӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон шуд.
Ин тазоҳургарон сипас қароргоҳи ҳукумати маҳаллиро ишғол намуда, талаби озодии афродеро пеш гузоштанд, ки бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи исломии мавсум ба "Акрамия" зиндонӣ шудаанд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ дар Узбакистон, нирӯҳои амниятӣ ба ҷониби тазоҳургароне, ки дар майдони шаҳри Андиҷон ҷамъ омада буданд, оташ кушодаанд..