Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои СММ ба нишастҳои хабарии вазоратҳои Тоҷикистон


Раҳбари Дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ташкили нишасти хабарии масъулини идороти давлатии Тоҷикистонро як иқдоми мусбат дар роҳи таҳкими равандҳои демократӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар арзёбӣ кард. Владимир Сотиров - раҳбари Дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон дар як мизи гирд бо ширкати масъулини хадамоти матбуотии ниҳодҳои давлатии кишвар гуфт, «конфронсҳои матбуотӣ бояд ба таъмини шаффофияти фаъолияти вазорат ва идороти давлатӣ дар расонидани маълумоти саривақтӣ ва мӯътамад ба аҳолӣ мусоидат кунад».
Дар пайи судури амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон вазорат, кумита ва дигар сохторҳои ҳукумат ҷиҳати расонидани маълумот аз фаъолияти худ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, нишастҳои хабарӣ доир карданд. Ин нишастҳо, ки аз 18-уми апрел то сеюми май доир шуд, ба гуфтаи Абдуфаттоҳ Шарифов - сухангӯи раиси ҷумҳур новобаста аз навоқис тавонистааст, роҳро барои муколамаи бевоситаи хабарнигорон ба манобеъи хабарии давлатӣ ҳамвор созад.
Сухангӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки хадамоти матбуотии сардори давлат саъй дорад, сайти интернетии президенти кишвар таъсис кунад, то расонаҳои гурӯҳӣ ва аҳолӣ битавонанд аз фаъолияти раиси ҷумҳур огаҳии бештар дошта бошанд.
Ин дар ҳолест, ки дар матбуоти даврии кишвар наҳваи баргузории нишастҳои матбуот мавриди интиқоди хабарнигорон қарор гирифтааст. Хабарнигорон шикоят кардаанд, ки бархе аз масъулини вазоратхонаҳо бо даъвати чаҳор ва ё панҷ нафар рӯзноманигор нишасти хабарӣ доир карда бо ҳамин аз ироаи иттиллои бештар ҷилавгирӣ кардаанд. Аммо Маҳмадулло Сараев -корманди Дастгоҳи раёсати ҷумҳури кишвар, ки дар таҳия ва танзими тақвими нишастҳои хабарӣ саҳм доштааст, ин интиқодотро бепоя хонд. Вай гуфт, ҳукумат лоиҳаи қонун дар бораи дастрасии аҳолӣ ба иттилои расмӣ ва як низомнома барои хадамотҳои матбуотии идороти давлатиро таҳия кардааст, ки аз лиҳози ҳуқуқи масъулияти мақомотро ҷиҳати ироаи маълумот ба рӯзноманигорон мушаххас хоҳад кард.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG