Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи 10 миллион $ кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ба кишоварзони тоҷик


Бино ба маълумоти мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе, ин ниҳоди байналмилалии молӣ ҷиҳати рушду таҷдиди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба ин кишвар 10 миллион доллар кӯмаки билоиваз ихтисос додааст.

Дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе рузи 10 май иттиллоъ дод, Бонки Ҷаҳонӣ зимни раҳандозии лоиҳае бо номи «Бақайдгирии замин ва фаъолсозии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон» метавонад сатҳи хусусигардонии замин ва хоҷагиҳои деҳқониро дар Тоҷикистон боло бурда, ба таъмини мустақилияти теъдоди ҳар чӣ бештари аҳолии деҳот дар роҳи заминдорӣ мусоидат намояд. Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ зимнан дар баёнияаш пиромуни камбуди таваҷҷӯҳ дар Тоҷикистон ба хусусигардорнии замин ва хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳори тааассуф карда, гуфтааст, ин мушкилоти зиёд дар роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ монеъа эҷод мекунанд.

Ин дар ҳолест,ки 70 дар сади аҳолии Тоҷикистон бо замин сарукор дорад ва сеяки даромади буҷаи давлат аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ ба даст меояд. Ба ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ, дар сурати раҳандозии барномаи мазкур ҳудудан 300 хоҷагии деҳқонӣ хусусӣ гардонида шуда, ба деҳқонон анқариб 75 000 шаҳодатномаи истифодаи замин дода хоҳад шуд. Тибқи барномаи мазкур, дар 36 ноҳияи Тоҷикистон тақрибан 10 000 гектар замин барқарор ва обёрӣ карда хоҳанд шуд.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG