Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши нисбии рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон


Ба иттилоъи Кумитаи байнидавлатии омори Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд нишондиҳандаи миёнаи суръати рушди иқтисодӣ дар ҳамаи ин мамолик дар семоҳаи аввали соли 2005-ум то 5 дарсад рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Аммо ин суръат аз соли гузашта камтар аст, зеро дар ҳамин давраи порсол суръати коҳиши тавлид дар ин кишварҳо 8 дарсадро ташкил дода буд.
Ҷамъбасти семоҳа нишон додааст, ки ҳамзамон суръати афзоиши сармоягузории хориҷӣ дар кишварҳои ҳамсуд 6 дарасад, ҳамлунақли коло 4 дарсад паст фуромадааст. Дар айни замон дар чанд кишвар рушди бештари тавлид ба назар мерасад. Чунончи, дар Беларус 11,6 дарсад, дар Озарбойҷон 10,3 дарсад, дар Тоҷикистон 8,2 ва дар Қазоқистон 7,4 дарсад рушди тавлид дида шудааст. Бо вуҷуди ин дар сатҳи боло боқӣ мондани таваррум ин рушдро ба зиндагии қишрҳои нодори ҷомеа бетаъсир кардаанд.
Банки Осиёии Рушд пешгӯӣ карда буд, ки дар Тоҷикистон баъд аз як давраи эътидоли нисбӣ дар иқтисодиёт, рукуд ва коҳиши рушд ба назар расида, пешрафти минбаъда ба амиқрафти ислоҳот ва ҷалби сармоягузориҳои беруна бастагӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG