Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Авфи Байналмилал аз Туркманистон


Созмони Авфи Байналмилал "Amnesty International" имрӯз бо нашри гузорише доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон аз "нақзи густурдаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ" дар ин кишвари Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Дар гузориши ин созмон таъкид шудааст, ки ҳанӯз ҳам дар Туркманистон созмонҳои ҷамъиятӣ озодона фаъолият карда наметавонанд ва аҳзоби мустақили сиёсӣ вуҷуд надоранд.
Созмони Авфи Байналмилал ҳамчунин гуфтааст, ки бадрафторӣ бо боздоштшудагон ва азияти онҳо ҳангоми бозпурсиҳо дар Туркманистон бисёр роиҷ аст ва ҳеҷ нафаре барои чунин ҷиноёт ба пои курсии муҳокима кашида нашудааст.
Дар гузориши созмон омадааст, мақомоти Туркманистон як силсила иқдомотеро барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба манобеъи мустақили иттилоъот андешидаанд, то ки аз расидани иттилоъоти танқидӣ аз ин кишвар ба гӯши ҷомеаи байналмилалъ ҷилавгирӣ намояд. Дар маҷмӯъ Авфи Байналмилал вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистонро "вахим" арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG