Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба шаш ҳазор нафар пизишк ниёз дорад


Нусратулло Файзуллоев, вазири беҳдошти Тоҷикистон 22 апрел зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, феълан ниҳодҳои беҳдоштии ин кишвар ба 6,5 ҳазор корманд ниёз доранд ва ин дар ҳолест, ҳудуди чаҳор ҳазор ҷавон дар макотиби олӣ ва бештар аз 10 ҳазор дар макотиби махсуси тиббии кишвар муҳассиланд ва наздик ба 1500 нафари онҳо дар давоми сол ин макотибро хатм мекунанд.
Оқои Файзуллоев ҳамчунин афзуд, мушкилоти норасоии табибон дар ҳоле домангири Тоҷикистон аст, ки афзоиши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил, СПИД, нашъмандӣ, маргу мири кӯдакон дар кишвар ба назар мерасад. Нусратулло Файзуллоев масъалаи воридоти доруворӣ ва тавлидоти онро аз мушкилоти умдаи соҳаи беҳдошти кишвар муаррифӣ кард.
Аммо дар ҳамин ҳол вазири беҳдошти Тоҷикистон афзуд, дар буҷаи соли 2005-и кишвар бештар аз 70 миллион сомонӣ, ё наздик ба 35 миллион доллар ба соҳаи тибб, аз ҷумла ҳудуди 30 миллион сомонӣ ҷиҳати пардохти маоши моҳонаи кормандон, 6 миллион сомонӣ барои таъмини ғизои беморон, ҳудуди 5,5 миллион сомонӣ ҷиҳати хариди дармон ихтисос шудааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG