Сафорати Амрико дар Душанбе аз нашри як санади сохтае дар нашрияҳои расмии Тоҷикистон, ки онро расонаҳои русӣ барномаи сарнагунии ҳукумати Аскар Оқоев қаламдод ва нашр кардаанд, изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, чопи он ба таҳкими муносиботи минтақавӣ мусоидат намекунад ва ба равобити миёни Тоҷикистону Амрико, ки латма мезанад.
Ин санад гӯё барномаи сарнагунсозии ҳукумати Аскар Оқоев аст, ки онро Стивен Янг, сафири Амрико дар Бишкек бо кӯмаки созмонҳои амрикоии ғайридавлатӣ таҳия кардааст. Рӯзномаҳои ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон "Ҷумҳурият" ва "Садои Мардум" ин санадро бидуни таҳрир аз як сайти интернетии Русия гирифта, дар сафҳаҳои худ чоп кардаанд.
Сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, агарчӣ ин сафорат ва намояндагии дипломатии Иёлоти Муттаҳида дар Бишкек гуфтаанд, ки ин санад комилан воқеъият надорад, аммо он дар рӯзномаҳои Тоҷикистон дубора нашр шудаанд. Сафорати Амрико дар Душанбе гуфтааст, ки ҳукумати ин кишвар аз матбуоти озод ҳимоят мекунад, аммо чунин ба истилоҳ "журналистика" ба таҳкими муносиботи Амрикову Тоҷикистон, ки раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар хостори он шудаанд, мусоидат нахоҳад кард.
Дар вокуниш ба ин баёния, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Игор Сатторов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати муроҷиати расмии сафорати Амрико ба онҳо ин масъала баррасӣ ва ба он баҳои расмӣ дода мешавад.