Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 12 узви "Байъат" дар Тоҷикистон


Дувоздаҳ нафар аз аъзои созмони ифротии "Байъат" аз оғози соли равон то кунун дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки ҳадафи он ба гуфтаи вазорати умури дохила, сарнагун кардани ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва ҳамчунин таъсиси хилофати исломӣ дар Осиёи Марказӣ аст.
Маҳмадсаид Ҷӯрақулов - раҳбари идораи мубориза бо ҷиноятҳои мутташакилонаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз, 20 апрел ҳангоми як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе бо эъломи ин хабар гуфт, аз манзилҳои боздоштшудагон дастуру адабиёти тарғиботӣ кашфу забт шуд, ки дар онҳо ба барканор кардани ҳукумати конститутсионӣ дар Тоҷикистон даъват мешавад.
Маҳмадсаид Ҷӯрақулов афзуд, феълан муҳокимаи 10 узви ин созмон дар додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон идома дорад ва метавон гуфт, ин созмон ба куллӣ маҳв шудааст, зеро ду раҳбари асосии он ба дасти маъмурони интизомӣ афтодаанд.
Ба гуфтаи Маҳмадсаид Ҷӯрақулов, созмони ифротии динии "Байъат" соли 1991 дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон таъсис ёфта ва аз соли 1996 ин созмон як идда ҷиноятҳои сангин содир кардааст. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қатли рӯҳонии баптист дар вилояти Суғдро кори дасти ҳамин гурӯҳ медонад ва муҳокимаи гумонбарони ин ҷиноят идома дорад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG