Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскар Оқоев аз мақоми президенти Қирғизистон истеъфо дод


Президенти фирории Қирғизистон Аскар Оқоев пас аз се соати гуфтушунид бо як ҳайъати вижаи порлумонии ин кишвар, ки дар Маскав бо ӯ мулоқот кард, рӯзи душанбеи 4-уми апрел ба аризаи истеъфо аз мақоми раиси ҷумҳури Қирғизистон имзо гузошт. Маросими имзои ин санад дар сафоратхонаи Қирғизистон, дар ҳузури ҳашт узви ҳайъати порлумонии Қирғизистон ба амал омад. Бар иловаи истеъфо дар санади мазкур ҳамчунин ба зарурати риояи қонуни асосии Қирғизистон дар мавриди президенти кишвар ишора шудааст.
Аризаи истеъфои Оқоев имкон медиҳад, интихоботи президенти нав ва интиқоли қудрат пояи ҳуқуқӣ пайдо кунанд.
Оқоев рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар мусоҳиба бо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ эълон карда буд, ки омодааст, аз вазифааш равад, ба шарти он ки мақомоти нави Қирғизистон шароити истеъфои ӯро риоя кунанд.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG