Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феликc Қулов ҷанбаъҳои ҳуқуқии дигаргуниҳои Қирғизистонро зери шубҳа гузошт


Кумисюни марказии интихоботии Қирғизистон салоҳияти ҳайъати нави порлумони Қирғизистонрро расман тасдиқ кард ва Феликс Қулов, яке аз сарони оппозисюни қирғиз ҷанбаъҳои ҳуқуқии фаъолияти ҳамзамони ду порлумон ва иҷрокунандаи ду вазифа, ҳам президент ва ҳам сарвазир будани Қурманбек Боқиевро зери шубҳа гузошт.
Ин ҷанбаъҳоро Фиристодаи хоси раҳбари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Алойиз Петерле низ муҳим шумурд.Вай баъд аз мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Қурманбек Боқиев, раиси порлумон Исенбой Қодирбеков, иҷрокунандагони вазифаи вазири корҳои дохилӣ Темур Субанов ва вазири корҳои хориҷӣ Роза Отунбоева гуфт, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо омодааст ба Қирғизистон дар бунёди ҷомеъаи воқеъии шаҳрвандӣ мадад кунад. Ба гуфтаи Петерле, дар ин сӯҳбатҳо ба ҷиҳатҳои ҳуқуқии дигаргуниҳои сиёсии Қирғизистон ва ҳамкории минбаъдаи он бо САҲА диққати махсус дода шуд.
Мақомоти Маскав мегӯянд, президенти барканоршудаи Қирғизистон Аскар Оқоев аз онҳо дархости иҷозаи вуруд ба Русияро кард ва ба ӯ чунин иҷоза дода шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти нави Қирғизистон мегӯянд, ба бозгашти ӯ мухолиф нестанд, вале ӯ бояд аз мақомаш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG