Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳкими марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон


Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд

Ситоди кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар пайи шиддати вазъ дар Қирғизистон тамоми ҷузъу томҳои худ мустақар дар марзи миёни ду кишварро ба ҳоли омодабош даровардааст. Аҳрор Сафаров раҳбари ситоди нерӯҳои марзбонии вилояти Суғд рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тақвияти марзи қисмати шимолии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли гурӯҳҳои харобкору террористӣ аз Қирғизистон ба вилояти Суғд сурат гирифтаааст.
Полковник Сафаров афзуд, ҳарчанд воҳидҳои низомии сарҳадӣ дар ин самти марз дар ҳоли омодабош ҳастанд, вале барои таҳкими марз нерӯҳои иловагӣ фиристода нашудааст. Тоҷикистон бо Қирғизистон дар самти вилояти Суғд қариб 600 километр марзи муштарак дорад, ки то кунун байни ду давлат нишонагузорӣ нашудааст. Дар қисмати ҷанубушарқи вилояти Суғд даҳҳо ҷазирақаламрав ё анклавҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар дохили хоки якдигар ҷойгир шудаанд.
Коршиносони суғдӣ мегӯянд, дар сурати шиддат гирифтани вазъ дар қисмати ҷанубии Қирғизистон эҳтимоли хатари доман задани муноқишаҳои қавмӣ таввасути гурӯҳҳои ифротӣ ба вуҷуд меояд. Масъулини ситоди марзбонии Суғд мегӯянд, дар давоми рӯзҳои ахир вазъ дар гузаргоҳҳои марзии миёни ин ду кишвар ором аст ва вуруди шаҳрвандони қирғиз ба вилояти Суғд зиёд ба мушоҳида намерасад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG