Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати бозрасии парвандаи Ғаффор Мирзоев


Додситонии низомии Тоҷикистон мӯҳлати тафтиши парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар ин кишварро ба ду моҳи дигар то 20 май тамдид кардааст. Манучеҳр Нуров, раҳбари гурӯҳи тафтишотии қазияи Ғаффор Мирзоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷузъиёти тозаи амалҳои гумонбар, ки ба даст омад, сабаби тамдиди мӯҳлати бозрасӣ мебошад.
Муфаттиши додситонӣ доир ба ҷузъиёти тозаи парвандаи генерал Мирзоев маълумот надод, вале гуфт, ки ҳаҷми маводи бозрасӣ зиёд шудааст ва додситонӣ метавонад мӯҳлати тафтишро боз ҳам тамдид кунад. Дар ҳамин ҳол Қаюм Юсуфов як вакили дифои Ғаффор Мирзоев гуфт, бори панҷум аст, мақомот тафтиши қазияи Ғаффор Мирзоевро тамдид мекунанд, вале дар аксари маворид шикоёти нафари муттаҳам холисона санҷида намешавад.
Вай гуфт, то кунун иллати тамдиди мӯҳлати тафтиш барои ҳайъати вакилон рӯшан нест.
Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва фармондеҳи собиқи Горди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Душанбе боздошт шуд ва додситонии кулли кишвар ӯро дар сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ бо худ, нигаҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ ба миқдори зиёд, убури ғайриқонунии марз ва саркашӣ ва напардохтани молиёт муттаҳам кардааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG