Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи намояндагии "Ориёнбонк" дар Кобул


Султони Ҳамад

Намояндагии бонки бузургтарини Тоҷикистон Ориёнбонк ба фаъолияти хеш дар пойтахти Афғонистон шурӯъ кард. Раҳбарии намояндагии "Ориёнбонк" дар Кобул Раҷаббек Сулаймонбеков ин рӯйдодро дар равобити тиҷоратии байни Тоҷикистону Афғонистон як воқеаи муҳим арзёбӣ карда, онро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ муфид донист.
Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо ифтитоҳи намояндагии "Ориёнбонк" дар Кобул як мушкили умдаи тоҷирони ҳар ду кишвар рафъ мегардад: "Робита байни низомҳои бонкии Тоҷикистону Афғонистон вуҷуд надошт ва ин барои барқарор кардани ҳамкориҳои тиҷоратӣ як мушкили бузург буд. Ифтитоҳи намояндагии "Ориёнбонк" амнияти тиҷорат миёни соҳибкорони ду кишварро таъмин мекунад."
Раҷаббек Сулаймонбеков ҳамчунин гуфт, Афғонистон дар оянда барои Тоҷикистон аз аҳамияти бузурги иқтисодӣ бархурдор хоҳад шуд ва як бозори бузурги потенсиалӣ барои тоҷирони тоҷик аст. Ӯ хостори ҳузури бештари ширкатҳои Тоҷикистон дар корҳои барқарорсозии Афғонистон шуд ва гуфт ин кишвар ҳафтумин кишвари хориҷиест, ки "Ориёнбонк" дар он намояндагӣ боз кардааст. Намояндагиҳои ин бонк то кунун дар Иёлоти Муттаҳида, Британия, Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Русия ва Қазоқистон амал мекунанд.
Султони Ҳамад, Кобул
XS
SM
MD
LG