Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии марзбонони тоҷик ба ҳимояти минтақаи марзии Маскав


Ҳимояти минтақаи марзии Маскав дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон моҳи апрели имсол аз ихтиёри нирӯҳои марзбонии Русия ба итоати қувваҳои Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон хоҳад гузашт. Нуралишо Назаров - фармондеҳи ситоди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон ҳимояти ин минтақа, ки бештар аз дусадкилометр тӯл дошта, 15 дидбонгоҳ ва ҳамчунин гузаргоҳи марзии «Фархор-Кокул»-ро дар бар мегирад, то пойини ҳамин моҳ таври пурра ба ихтиёри марзбонони тоҷик мегузарад.
Вай минтақаи марзии Маскавро аз мушкилтарин қитъаи марзӣ бо Афғонистон арзёбӣ карда, гуфт, тайи чанд соли ахир маҳз дар ҳамин қисмати сарҳад қочоқи маводи мухаддир ва марзшиканӣ бештар сурат гирифтааст. Бо вуҷуди он ки афзуд оқои Назаров, дар муқовимат бо қочоқчиён ва марзшиканон нирӯҳои марзбонии русӣ имконоти бештар доштаанд, аммо марзбонони тоҷик низ тавони ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддирро доранд. Ба гуфтаи ӯ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар амволи дидбонгоҳҳои ин қитъаи марзии Маскав ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор хоҳад шуд.
Вай илова кард, ки Кумитаи ҳифзи сарҳадот як барномаи давлатии рушди нируҳои марзбонӣ барои солҳои 2005-2014- ро таҳия кардааст, ки ҳамин моҳ ҷиҳати тасдиқ ба ҳукумат ирсол хоҳад шуд. Нуралишо Назаров- фармондеҳи ситоди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки то сентябри соли ҷорӣ муроқибати минтақаи марзии Панҷ - охирин қитъаи марзӣ дар сарҳади бо Афғонистон аз ихтиёри марзбонони Русия ба ихтиёри марзбонони тоҷик мегузарад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG