Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

34-43-73 -- Телефони эътимод зидди қочоқи инсон


Онҳое ки бо даҳшати одамдуздӣ, қочоқ ва ё хариду фурӯши инсон рӯбарӯ шудаанд ва ё аз чунин ҳодисаҳо хабар доранд, онҳое ки хешу наздикони худро гум кардаанду дар ҷустуҷӯи гумкардаҳои худ саргардонанд, акнун метавонанд, ба воситаи телефони 34-43-73 дар шаҳри Душанбе аз ин рӯйдодҳо хабар диҳанд ва бе пардохти ягон маблағ аз гурӯҳҳои зидди қочоқи инсон, созмонҳои байнулмилал ва ниҳодҳои қудратӣ мадад гиранд. Ин хатти телефони шабонарӯзиро созмони ғайридавлатии "Санитас" таъсис дода, изҳори омодагӣ кардааст, шикояти одамонро хоҳад шунид, ба онҳо машварат хоҳад дод ва ниҳодҳои интизомиро ба ҳалли мушкил даъват хоҳад кард.
Масъули робитаҳои ҷамъиятии ин созмон Фозилҷон Каримов ба Радиои Озодӣ гуфт, "Санитас" бо Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ниҳодҳои ғайридавлатии Русия, Украина, Имороти Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои дигар ва инчунин бо намоиши телевизионии "Жди меня"-и Русия ҳамкорӣ мекунад. Вай афзуд, дар се рӯзи аввали кораш, телефони эътимод чанд иттилоъ ҷамъ оварда, нашр кард ва ба ёфтани як бонуи гумшуда муваффақ гардид. Созмони "Санитас" ҳамчунин дар мавзӯъи мубориза бо қочоқи инсон варақа ва китобчаҳое нашр кардааст, ки дар вокзали роҳи оҳан ва фурудгоҳҳои кишвар ба мусофирон тақдим мешавад.
XS
SM
MD
LG