Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти номзадҳо аз дахолати мақомоти давлат ба интихобот


Номзад дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе Иззатулло Саъдуллоев шикоят кард, ки ҳукумати иҷроияи ноҳияи мазкур барои ҳамаи номзадҳо шароити баробари таблиғот фароҳам намеорад ва ба ҷои ин ба таври ошкоро ба номзад аз ҳизби ҳоким таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Саъдуллоев, ки аз тарафи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин ҳавза пешбарӣ шудааст, мегӯяд, раиси ноҳия шахсан номзад аз Ҳизби халқию демократиро ба назди мардум мебарад ва мулоқоти ӯро бо интихобкунандагон таҳия менамояд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Саъдуллоев, мулоқоти номзадҳо аз ҳизбҳои мухолиф бо интихобкунандагон бо сабабҳои номаълум баргузор намешаванд. Вай афзуд, ин дахолати рӯйирост ба маъракаи таблиғотист ва қонуни нави интихобот дахолати мақомоти давлатро ба маъракаҳои интихоботӣ қатъиян манъ кардааст.
Аммо намояндаи кумисюни интихоботӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур Алихон Каримов ин гуфтаҳоро рад карда, мегӯяд, барои ҳамаи номзадҳо як барномаи ягона тарҳрезӣ шуда, аз ҳукуматҳои маҳаллӣ тақозо шудааст, ки ҳамаи мулоқотҳо тибқи рӯйхат баргузор шаванд. Вале Саъдуллоев гуфт, мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон, ки мебоист рӯзи 17-уми феврал баргузор мешуд, бо айби мақомоти ноҳиявӣ доир нагашт.
Номзади дигар дар ин ҳавза, рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, ки аз Ҳизби сотсиал-демократ пешбарӣ шудааст, мегӯяд, яке аз номзадҳои мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти ноҳиявӣ чанд рӯз баъд аз итмоми мӯҳлати бақайдгирӣ сабти ном шудааст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG