Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва Узбакистон


Ҳайъати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти раёсати нахуствазири ин кишвар Оқил Оқилов рӯзи панҷшанбе барои гуфтушунид ва имзои созишномаҳои дуҷониба бо мақомоти Узбакистон ба шаҳри Тошканд омада ва ҳамон рӯз бо Шавкат Мирзоев нахуствазири Узбакистон дидор кардааст. Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тошканд, ҳангоми дидори Оқил Оқилов бо нахуствазири Узбакистон зикр шудааст, ки тиҷорат миёни ҳар ду кишвар назар ба соли 2003 дар соли 2004-ум 27 дарсад афзоиш ёфтааст.
Расонаҳои давлатии Узбакистон аз қавли нахуствазири ин кишвар навиштаанд, ки бо вуҷуди афзоиши тиҷорат ҳанӯз ҳам ҳар ду кишвар имконоти мавҷударо барои афзудани мубодилоти мол истифода накардаанд. Шавкат Мирзоев гуфтааст, Узбакистон мехоҳад, ҳамкории дӯстонааш бо ҳамсояи наздики худ Тоҷикистонро дар роҳи мубориза бо терроризм, таъмини амният ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир тақвият диҳад. Ҳайъатҳои ҳукуматӣ чанд созишнома, аз ҷумла доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон ҷиҳати танзим ва баҳрабардорӣ аз манобеъи обу барқ имзо кардаанд.
Мирасрори Фарғонӣ, Тошканд
XS
SM
MD
LG