Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ба хотири назорати ҷараёни интихоботи Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумонии Тоҷикистон, ки қарор аст, 28 феврали соли равон баргузор шавад, даҳ нозири худро бифристад. Ин мавзӯъ дар мулоқоти намояндаи вазорати умури хориҷаи Амрико Кенд Локстон бо масъулони Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Раиси дастгоҳи ин комиссия Муҳибулло Додоҷонов гуфт, дар ин мулоқот Кенд Локсон изҳор кардааст, ки имкон дорад, даҳ нозири кишвараш барои назорати интихобот ба Тоҷикистон биёянд: "Гуфтанд, ки дар сафорати Амрико рӯйхати нозирон тартиб дода шудааст ва рӯзҳои наздик ба Комиссияи марказии интихобот фиристода шаванд."
Муовини раиси идораи Осиёи Марказии вазорати умури хориҷаи Амрико қабл аз дидор бо масъулони интихоботии Тоҷикистон бо намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба омодагиҳо ба интихоботи парлумонии ин кишвар гуфтӯгу кардааст. Дар ҳамин ҳол намояндагони парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо аъзои Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дидор намуда, омодагии худро барои назорати интихоботи ин кишвар баён кардаанд. Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, онҳо ба зудӣ феҳрасти нозирони худро ба комиссияи интихоботӣ барои сабти ном пешниҳод хоҳанд кард.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе