Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли устоди 21-солаи донишгоҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа


Зулфия Фозилова, устоди факултаи физикаи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа чанд рӯз қабл дар манзили худ ваҳшиёна ба қатл расонида шуд.
Оламбӣ Қодирова, корманди дафтари матбуоти раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон дар робита ба ин ҳодиса гуфт: "Феълан кормандони мақомоти қудратӣ дар мавриди ин куштор тафтишот бурда истодаанд, аммо ин ҷиноятро ҳанӯз накушодаанд. Зулфия Фозиловаи 21-сола дар асари захмҳои зиёди корд ба қатл расонида шудааст, вале дар ин маврид маълумоти бештар ҳанӯз дастрас нест."
Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш аз куштори устоди Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа дар кӯчаи Ваҳдати шаҳр аз сӯи кормандони мақомоти интизомии шаҳри мазкур ҷасади бо хун оғӯштаи ду зан ошкор гардида буд.
Шоҳмурод Саидов, муовини додситони шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавриди қазияи зикршуда изҳор дошт, ки ин ду зан низ захмҳои зиёди корд бардоштаанд ва дар натиҷа яке дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида ва дуввумӣ дар ҳолати вазнин ба бемористон расонида шуд. Вай афзуд: "Вақте ки дар ин маҳалла ин ҳодиса сар мезанад, саҳараш соати 8: 20 мо рафтем, ки якаша алакай фавтидааст. Ҷасади занҳоро мо кушодем, корҳои тафтишотӣ идома дорад. Дигарашро беморхона бурдем, аз бадани ӯ як корд пайдо кардем. Мо чанд нафари гумонбарро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ овардем. Баъзеи онҳо мегӯянд, ин куштор дар натиҷаи ҷанҷоли байни ҷабрдида бо он зани кушта сар задааст. Аммо мо инро феълан ба инобат нагирифта, тафтишотро аз рӯи нишондоди зани аз ҳалокат раҳоёфта идома дода истодаем."
Додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа аз пахши маълумоти бештар дар мавриди куштори ин занҳо худдорӣ варзида мегӯяд, тафтиши парвандаҳои мазкур ба таври махфӣ сурат мегирад.
Барот Юсуфӣ, Радиои Озодӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG