Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба нишасти Муоҳидаи Париж дар Душанбе


Атташеҳои низомии сафоратхонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониё ва Фаронса, ҳамчунин намояндагони пулиси ҷиноии Олмон, Хадамоти марзбонии Русия ва намояндагон аз Афғонистон, Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бунёди Оғохон, Раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Созмони Милал, масъулини мақомоти қудратии Тоҷикистон ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ҷиҳати баррасии роҳҳои маблағгузории кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон, ки ба мушкилоти рӯзафзуни қочоқи маводи мухаддир рӯбарӯ ҳастанд, дар таърихи 19 январ дар пойтахти Тоҷикистон барои як рӯз ҷамъ меоянд.
Бино ба иттилоъи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири назди идораи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ин нишаст нахустин ҳамоиш дар роҳи мубориза бо маводи мухаддири кишварҳо ва созмонҳои узви Муоҳидаи Париж, ки соли гузашта созмон ёфта буд, мебошад.
Тоҷикистон низ ба унвони кишваре, ки бо Афғонистон ҳамсоя буда ва як масири аслии транзитӣ барои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба шумор меояд, ба Муоҳидаи Париж шомил шудааст.
Намояндаи дафтари матбуоти оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон Бобоҷон Шафиев гуфт,
дар ин ҳамоиш наҳваи маблағгузории кишварҳои узви Муоҳидаи Париж ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори он дар соли 2005 баҳс мешавад. Масъулини ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мегӯянд, дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба кумакҳои молӣ ва фаннии байналмилалӣ ниёзи бештар доранд.
Дар чанд соли ахир Иёлоти Муттаҳида, Олмон, Бритониё, Русия ва кишварҳои дигар ҷиҳати таҳкими хутути марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир кӯмакҳои муҳим расонидаанд. Аммо кашфу мусодираи маводи мухаддир ва боздошти гурӯҳҳои қочоқбар дар марз бо Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам амният ва суббот дар ин замина ба таври кофӣ фароҳам нест.
Муоҳидаи Париж дар ҳоли ҳозир 55 давлат ва созмонҳои байналмилалиро дар бар мегирад.
Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG