Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон


Ба иттилоъи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар соли 2004-ум дар муқоиса ба як соли қаблӣ 10,6 дарсад афзуда, ба ҳудуди 6,2 миллиард сомонӣ, ё худ 2 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст. Ҳаким Солиев, вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи шанбеи 15 январ зимни ҷаласаи солонаи вазорати мазкур изҳор дошт, дар ин давра тавлидоти маҳсулоти саноатӣ, 14,4 фоиз ва, маҳсулоти кишоварзӣ 11,3 фоиз, афзоиш кардааст.
Оқои Солиев ҳамчунин гуфт, сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, нишондиҳандаи мазкур ба тақозои барномаи коҳиш додани сатҳи камбизоатии сокинони кишвар мутобиқ набуда ва имконоти воқеии рушди иқтисодиёт комилан мавриди истифода қарор нагирифтааст.
Вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, содироти моли кишвар дар соли гузашта наздики 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод ва дар қиёс бо воридот ҳудуди 500 миллион доллар камтар аст. Ба қавли ӯ соли дуҳазору чаҳорум дар муқоиса ба як соли қаблӣ шумораи бекорон дар Тоҷикистон 11 дарсад кам гаштааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG