Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти устод Иржи Бечка


Шоми дирӯз, 21-уми декабри соли 2004-ум, ховаршиноси машҳур, муҳаққиқ ва мубаллиғи забону адабиёти тоҷик, тарҷумони садҳо асари адибони гузашта ва муосири форсу тоҷик, дӯсти бузурги Тоҷикистон Иржи Бечка дар синни 89-солагӣ дар ҳалқаи духтаронаш Лайло, Оиша, Зиннат ва наберагону аберагонаш аз ҷаҳон даргузашт. Шахси заҳматкаш ва фидокоре ҷовидона чашм пӯшид, ки Тоҷикистонро на камтар аз ватани худ дӯст медошт ва таъриху фарҳанги тоҷикро дар Аврупо муаррифӣ мекард. Устод Иржи Бечка дар як мусоҳибааш дар соли 1996 гуфта буд, ки мулоқоташ бо Бобоҷон Ғафуров, он вақт раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии шӯравӣ ӯро ба омӯзиши адабиёти тоҷик водор кардааст.
Иржи Бечка 16-уми октябри соли 1915 дар шаҳри Прага зода шуда, ҳамчун фарзанди яке аз банкирҳои муваффақи чех метавонист, дар молия ва ё соҳибкорӣ зиндагии роҳате дошта бошад. Аммо дар синни бистсолагӣ аввалин бор ба кишварҳои Ховари Миёна сафар кард ва мафтуни фарҳангу фалсафаи Шарқ гашт. Бо вуҷуди он ки хонавода ӯро дар факултети ҳуқуқи Донишгоҳи Карли Прага ба таҳсил гузошт, вай аз рӯи таваҷҷӯҳи хусусии худ ҳамзамон дар курсҳои омӯзиши забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркии факултети фалсафии ҳамин донишгоҳ таҳсил кард.
Ишғоли Прага аз тарафи фашистони Олмон дар соли 1939 таҳсили ӯро дар Донишгоҳ то соли 1945 қатъ карда бошад, ишғоли Чехословакия аз тарафи шӯравиҳо дар соли 1968 муддате ӯро аз пажӯҳишҳои илмӣ ба дур афканд. Ин даврае буд, ки вай баъд аз мулоқот бо Бобоҷон Ғафуров ва сафар ба Тоҷикистон асосан машғули таҳқиқи осори адибони тоҷик буд.
Устод Бечка дар соли 1960 дар мавзӯъи таърихи адабиёти тоҷик таҳти сарпарастии профессор Ян Рипка рисолаи докторӣ ҳимоя кард.
Аз ӯ зиёда аз ҳазор мақола ва 50 китоб роҷеъ ба адабиёти тоҷик ба мерос монда, баргардони намунаи осори Садриддини Айнӣ, Ғанӣ Абдулло, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо, Ҷалол Икромӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор, Бозор Собир, Кӯҳзод, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамиди Самад ва дигарон ба забони чехӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Устод Бечка тайи панҷ соли охир раиси Ҷамъияти робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Чех бо Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ва сардабири фаслномаи "Бӯстон" буд, ки дар он тозатарин намунаҳои назму насри Тоҷикистон ва ахбори фарҳангӣ аз ин се кишвар пайваста нашр мешуд.
Дар ҳамон сӯҳбати соли 1996 устод Бечка аз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон рӯҳан бисёр азият мекашид ва аз таҳи дил орзуи сулҳи Тоҷикистонро мекард ва ҳам орзу дошт, пеш марг як бори дигар дар гулгаштҳои Душанбе гардиш кунад.
Соли 2002-юм ин орзуи устод Бечка амалӣ гардид. Вай ба ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон даъват шуд ва дар суханрониҳояш аз сулҳу осудагӣ дар Тоҷикистон истиқбол кард.
Дар лаҳзаҳои маргаш духтараш Оиша аз қиссаҳои ин сафари ӯ ба Тоҷикистон ёдовар мешуд ва устод Бечка табассум мекард.
Салими Аюбзод, Прага
XS
SM
MD
LG