Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон ҳайъати нави комиссияи интихоботро тасдиқ кард


Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рузи чоршанбе пешниҳоди ҳайъати комиссияи марказии интихобот дар ҳайъати 15 нафарро барои интихоботи Маҷлиси Олӣ дар авоили соли 2005 ба тасвиб расонид.
Раиси комиссия Мирзоалӣ Болтуев гуфт, дар ҳайъати нави комиссиян тағйирот ворид шуд ва ба ҷои 4 узви пешин афроди нав шомил шудааст. Аз ҷумла устоди донишгоҳи Хуҷанд оқои Зоҳидов, Барфиев Назрулло аз минтақаи Қурғонтеппа, Юсуф Самиев ва Холназар Муҳаббатов, коршиноси пажуҳишгоҳи иқтисодии Вазорати иқтисоду савдо ба ҷои Ҳикматулло Сайфуллозода, узви ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар ҳайъати нави ин ниҳод пазируфта шудаанд.
Оқои Болтуев афзуд: "Ҳайъати Комиссияи марказӣ иборат аз 15 нафар, баъдан комиссияи ҳавзавӣ ташкил дода мешавад. Дар кишвар 41 ҳавза вуҷуд дорад ва ҳар ҳавза 75 ҳазор райъдиҳандаро дар бар мегирад. 27 декабр маҷлиси комиссияи марказӣ мешавад ва дар он ҷо мо ҳайъати комиссияи ҳавзавиро тасдиқ мекунем, 9 нафарро. Яъне раис, муовин, котиб ва боз 6 аъзо аз рӯи қонун намояндагияшро дар ҳайати ин ҳавзаҳо пешниҳод мекунанд."
Ва аммо коршиносони мустақил мегӯянд, тағйироте, ки дар ҳайъати комиссия сурат гирифтааст, чандон дигаргунии назаррас нест. Ва ҳайъати нав низ чун дар маъракаҳои пешини сиёсӣ ҳамчунон таҳти таъсири ҳукумат қарор гирифта, аслан барои манофеъи ҳизби ҳокими халқӣ -демократӣ кор хоҳад кард.
Латиф Ҳадязода, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд: "Комиссияи марказии интихобот ё ин ки дар ҳайъати комиссияи марказии интихобот он нафароне, ки интихобот ва раъйпурсии гузаштаро ташкил карданд, тақрибан боз ҳамонҳо дар комиссияи нав боқӣ монданд. Аз ин хотир, ман гумон мекунам, ки интихоботҳое, ки дар пеш истодаанд, бахусус, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ҳайъате, ки имруз ҳаст, шояд боз ҳамон иштибоҳҳои пешинро такрор кунанд."
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Маҷлиси Намояндагон ҳайъати нави комиссия марказии интихоботро президент Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳузури худ пазируфта, роҷеъ ба масъалаи интихоботи парлумон бо онҳо суҳбат кардааст.
Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG