Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои низомии Русияву Ҳинд дар...Тоҷикистон


Бино ба гузориши хабаргузориҳои Русия, як узви ҳайъати давлатии он кишвар дар ҷараёни сафари расмии президент Владимир Путин ба Ҳиндустон гуфтааст, ки Русияву Ҳинд пиромуни имкони мушорикатҳои низомӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, тааҳҳуд бастаанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, давлати Ҳинд феълан машғули бозсозии як фурудгоҳи низомӣ дар даври пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе мебошад ва, таври маълум, Русия низ дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ таъсис додааст.
Ин манбаъ ба ожонсиҳои ИТАР-ТАСС ва Интерфакс гуфтааст, ки Маскаву Деҳлӣ тааҳҳуд кардаанд, ки дар соҳоти низомӣ фаъолиятҳои худро аз наздик ҳамоҳанг кунанд.
Узви ҳайъати давлатии Русия гуфтааст, Маскав Деҳлиро рақиби худ дар саҳнаи Осиёи Марказӣ намедонад ва бо эҳтимоли ҳузури низомии Ҳинд дар он саҳна низ мухолиф нест.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG