Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии иқтисодии Тоҷикистону Русия


Дар нишасти Комиссияи муштараки байни парлумонии Тоҷикистону Русия, ки 26 ноябр дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд, масоили мухталифи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни ин ду кишвар ва ҳамчунин мушкилоти муҳоҷирати корӣ баҳс шуд. Борис Пастухов - раҳбари ҳайъати парлумонии Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нишаст таваҷҷӯҳи аслии ширкатдорон рӯи масоили иқтисодӣ ва ҳамкориҳои тарафайн дар ин замина буд: "Мо метавонем, корҳои зиёдеро ба нафъи ҳар ду кишвар дар оянда анҷом диҳем. Ба хусус дар пайи боздиди ахири Владимир Путин аз Тоҷикистон ва ба имзо расидани 14 санади ҳамкорӣ миёни Русияву Тоҷикистон заминаи мусоид барои рушди равобити тарафайни иқтисодӣ фароҳам гардидааст.»
Дар ин ҳамойиш ба гуфтаи Пастухов, раҳбарони 59 корхонаи бузурги тавлидии Русия ба намояндагӣ аз 19 минтақаи ин кишвар ширкат меварзанд. Ва интизор меравад, дар пайи он қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд. Раҳбари ҳайъати парлумонии Русия бо ҷолиб арзёбӣ намудани барномаи хусусигардонии давлати Тоҷикистон гуфт, Русия алоқаманд аст, дар раванди иҷрои ин барнома фаъолона саҳм бигирад. Ҳамойиши соҳибкорон ва маҳофили тиҷории Русияву Тоҷикистон 27 ноябр дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ меёбад ва ҳамзамон дар чаҳорчӯби он як намоишгоҳи тавлидоти корхонаҳои саноатии Русия доир мегардад ва то як ҳафта дар Душанбе идома меёбад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG