Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши бахшида ба 80-солагии Душанбе


Ҳамойиши васеъ ба муносибати 80-солагии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо ваъдаи президент Раҳмонов дар мавриди ин ки то соли 2006 тамоми мушкилоти коммуналии душанбегиҳо ҳал ва шоҳроҳҳои пайваста ба пойтахти кишвар пурра ба истифода дода хоҳад шуд, оғоз гардид. Баъд аз он, Душанбе ба гуфтаи ӯ дар ҳар фасли сол бо тамоми манотиқи кишвар дар иртибот хоҳад буд. Президент Раҳмонов зимни паёми табрикии худ ба сокинони пойтахт гуфт, маблағи зарурӣ дар даст ҳаст ва мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва шабакаи обрасонӣ бартараф хоҳад шуд.
Президент Раҳмонов бо ишора ба биноҳо ва иншооти тоза бунёдшуда ишора намуда гуфт, дар солҳои ҷанги дохилӣ Душанбе ба як вайрона бадал шуда буд, аммо акнун хиёбонҳо ва маҳаллаҳои он зебою обод шудаанд. Оғои Раҳмонов таъкид намуд, ки Русия дар ободии пойтахт ва кишвари Точикистон дар амри бунёди иншооти муҳими ин кишвар аз давлатҳои дигар дида бештар саҳим аст.
Ба дунболи суханронии Раҳмонов, раиси они ҳукуматҳои бародаршаҳр бо Душанбе, аз ҷумла шаҳрдорони Шероз, Ҳирот, Анқара, Тошканд ва шаҳрҳои дигар мардуми пойтахтро бо 80 - солагӣ табрик карданд.
Шаҳрдори Маскав Юрий Лужков зимни табрики худ гуфт, ҳамроҳи ӯ як гурӯҳи корӣ иборат аз муҳандисон ва тарроҳон ба Душанбе омадаанд, ки шабакаи обрасонии Душанберо комилан таъмир намуда барои душанбегиҳо хонаҳои истиқоматӣ хоҳанд сохт.
Оқои Лужков ба шаҳрдори Душанбе ҳамчун машварат гуфт, мутаассифона, дар ободии шаҳр аз нерӯи соҳибкории хусусан хурд дуруст истифода намешавад.

«Дар Маскав 6 миллион сокини он ба тиҷорати хурд машгуланд онхо озоданд ва озодона фаъолият мекунанд. Шаҳрдорӣ аз даромади онҳо дуруст истифода мекунад, чандин биноҳои ахиран дар Маскав бунёд шуда маҳз аз маблағи даромади онҳост. Чаро дар Душанбе нашавад, ки аз нерӯи соҳибкории хурд кор гирифт»

Дар поёни ин ҳамоиш, комиссари минтақавии ЮНЕСКО Анҷум Ҳақ ба шаҳрдории Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷоизаи шаҳри сулҳро супорид.

Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG