Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ёриро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров баъд аз мулоқот бо ноиби ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико Лаура Кеннедӣ гуфт, густариши ҳамкориҳои миёни ду кишвар бар зидди кишварҳои сеюм нигаронида нашудааст. Масоили марбут ба амнияти минтақа мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, мусоидати Амрико ба таҳкими марзи Тоҷикистон, густариши кӯмакҳои Иёлоти Муттаҳида ба ин кишвар мавзӯъҳои аслии гуфтугӯи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо муовини ёвари вазири умури хориҷаи Амрико Лаура Кеннедӣ буд. Лаура Кеннедӣ пас аз анҷоми ин дидор дар ҷамъи хабарнигорон дар расидагӣ ба ин суол, ки оё Амрико бо хуруҷи нерӯҳои Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ин кишвар кӯмак хоҳад кард, гуфт, Тоҷикистон чун ҳар кишвари дигар ҳақ дорад, ки марзашро мустақилона ҳифз кунад.
Хонум Кеннедӣ афзуд: "Албатта ин минтақаи хеле муҳим аст, хусусан дар ҳоле, ки ба амнияти он қочоқи маводи мухаддир ба таври афзоянда таҳдид мекунад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар асоси тавофуқоти дуҷониба чун дар гузашта дар оянда низ барои омӯзиши марзбонони тоҷик иқдом намуда, дар оянда дар таҳкими марз кӯмакҳои фаннӣ хоҳад расонд. Ҳукумати Амрико аз созмонҳои дигар низ тақозо мекунад, ки ба Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз кунанд. Эътироф бояд кард, ки Тоҷикистон кишварест, ки дар суботу амнияти Афғонистон нақши муҳим мебозад."
Лаура Кеннедӣ ҳамчунин афзуд, ҳукумати ӯ пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси як эътилофи байналмилалӣ ба зидди қочоқи маводи мухаддир пуштибонӣ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол Талбак Назаров - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчанд муддате пеш ҳукумати Амрико ба масоили ҳамлу нақли маводи мухаддир дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намекард, вале ахиран як барномае, ки Амрико ва ҳукумати Афғонистон барои маҳви кишти хашхош рӯи даст гирифтаанд, давлатҳои ҳамсояро дилгарм месозад. Талбак Назаров доир ба ҳамкориҳои Амрикову Тоҷикистон гуфт, ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар ҳоли густариш қарор дорад, ки ин ба зарари кишвари сеюм нахоҳад буд. Талбак Назаров афзуд, дар бахши иқтисод ва тиҷорат, ҳамкориҳои ду кишвар тавсиа хоҳанд ёфт.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG