Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони ҳуқуқи башари СММ дар Душанбе


Як ҳайъати муштарак аз дафтари Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон ва барномаи рушди ин созмон ҷиҳати омӯзиши вазъи ҳуқуқи инсон, иҷроиши меъёрҳои демократӣ ва идомаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон вориди ин кишвар шуд. Профессор Рейн Милерсон мушовири минтақаии ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Осиёи Марказӣ ва яке аз аъзои ин ҳайъат гуфт, ҳадаф аз мусофирати онҳо ба давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасии вазъи ҳуқуқи инсон, дарёфти роҳҳои мувофиқи кӯмакҳои ин созмон ба бахшҳои мухталиф, таҳияи санади ниҳоӣ аз натоиҷи ин сафар ва ироаи пешниҳодот ба манзури тавсиаи низоми демократӣ дар ин кишварҳо мебошад. Оқои Милерсон афзуд, ҳайъат масоили мавриди назарро бо мақомот, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар миён гузошта ва аз хулосаҳои худ дар ин замина ба раҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид гузориш хоҳад дод.
Рейн Милерсон аз он ки Шӯрои уламои Тоҷикистон бо як фатво аз идомаи намозгузории занон дар масоҷид ҷилавгирӣ кардаст, изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, ҷилавгирӣ аз ширкати занон дар масоҷид нақзи ҳуқуқи инсон аст. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷашни бахшида ба даҳсолагии қабули Қонуни Асосии кишвар гуфт, ба қавли ӯ, тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, занҳо набояд ба масоҷид бираванд ва намози худро дар узлат яъне танҳоӣ анҷом бидиҳанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG