Дар оғози маросимҳои тантанавӣ дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба иди ҳаштодсолагии шаҳри Душанбе бинокорони Дарвозаи ҷанубии пойтахт калиди рамзии онро ба шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев тақдим карданд. Ин равоқ бо риояи суннатҳои меъмории шарқ сохта шуда, 35 метр баландӣ дорад ва дар даромадгоҳи ҷанубии шаҳр қомат кашидааст. Дар рӯзҳои ид, ки то 20-уми ноябр давом мекунанд, чандин иншооти дигари идона дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунанд. Чунончи, дар кӯҳдомани ғарбии пойтахт театри мудаввар бо 1500 ҷои нишаст, чорбоғ ва фароғатгоҳи шаҳриён дарҳои худро боз мекунанд.
Деҳаи Душанбе 26-уми ноябри соли 1924 пойтахти Ҷумҳурии шӯравии мухтори Тоҷикистон эълон шуд ва он вақт ҳамагӣ аз 42 кулбаи гилӣ иборат буда, аҳолияш 283 нафарро ташкил медод. Мардуми тоҷик дар тақсимбандии миллию марзии соли 1924, ки аз тарафи ҳукумати болшевикҳо ба амал омад, аз марказҳои таърихии сиёсӣ ва фаҳрангии худ ба монанди Самарқанд ва Бухоро маҳрум гашта, ҳатто шаҳри Хуҷанд, танҳо дар соли 1929 ба Тоҷикистон шомил гашт.
Ҳоло Душанбе калонтарин шаҳри Тоҷикистон буда, зиёда аз 600 ҳазор нафар дар он ба сар мебаранд. Тарафҳои даргир дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кӯшиш карданд, ба задухӯрдҳои калон дар пойтахт роҳ надиҳанд, бо вуҷуди ин баъзе бино ва иншооти шаҳр дар он давра зарар дид. Дар ибтидои солҳои навадуми садаи гузашта бостоншиносон далелҳое ба даст оварданд, ки Душанбе таърихи қадима дорад ва маркази давлати Шумон будааст. Ба муносибати иди ҳаштодсолагии пойтахт эълон шудани шаҳри Душанбе чандин маҳфилу нишаст баргузор мешавад ва ба онҳо меҳмонон аз кишварҳои гуногун даъват шудаанд.
Салими Аюбзод