Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲХДТ боз парлумонро аз худ хоҳад кард?


Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раисаш президент Эмомалӣ Раҳмонов мебошад, дар интихоботи ояндаи парлумони кишвар қасд дорад, ҳудуди 80 дар сади курсиҳои Маҷлиси Намояндагонро соҳиб шавад. Давлаталӣ Давлатов - муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ мегӯяд, аз интихоботи гузашта то кунун ҷонибдорони ҳизб дар нисбати соли гузашта афзуда ва ин эътимод имкон медиҳад, ки дар интихоботи оянда намояндагони бештар ба парлумон роҳ ёбанд.
Аз оқои Давлатов, пурсидам, ки ин бовар дар заминаи онаст, ки раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмонов мебошад ва истифода аз ин имконот ҳизб чунин ҳадафро дунбол дорад гуфт: «На танҳо ин бар замми он барномаи ҳизб дар интихоботи гузашта татбиқ шуда буд ва ин эътимоди ҷонибдорони ҳизбро қавӣ кардааст.»
Ва аммо коршиносну таҳлилгарон мегӯянд, агар интихобот бидуни таққалубкорй ва бо риояти ҳамаҷонибаи қонуни ҷадиди интихобот сурат гирад, баъид ба назар мерасад, ки Ҳизби халқӣ-демократӣ аксари курсиҳо дар парлумонро соҳиб шавад. Коршиноси мустақили тоҷик Нуралӣ Давлатов мегӯяд, дар ин чанд соли ахир ҳизбҳо дар ҷомеа нуфуз надоштанд ва аз мардум ҷудо фаъолият мекарданд: «Дар интихоботи оянда номзадҳои шоистаи аз ҳавзаҳои инифиродӣ раъйи бештарро соҳиб хоҳанд шуд, зеро фаъолияти чанд соли ахир нишон дод, ки аҳзоб бо мардум ҳамкорӣ накарданд ва барои мардум коре анҷом надоданд, аз ин рӯ агар интихобот мунсифона сурат гирад гумон аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷумла Ҳизби халқӣ-демократи бахши аъзами ороро дар парлумон касб кунад.»
Ва аммо ба қавли Давлталӣ Давлатов то ҳол ҳизб феҳрасти номзадҳои худро пешбарӣ накардааст. Ӯ афзуд, пас аз баргузории анҷуман дар моҳи декабр ҳизб руйхати номзадҳои худро эълон медорад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG