Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони нақлиёти Созмони Шонҳай


Вазирони роҳу нақлиёти кишварҳои узв дар Созмони ҳамкориҳои Шонҳай дар шаҳри Душанбе масъалаи тармиму сохтмони шоҳроҳеро баррасӣ мекунанд, ки ин кишварҳоро ба ҳам пайваст кунад ва ба масири асосии интиқоли бору коло табдил ёбад.
Дар нишаст намояндагони Чину Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистону Қирғизистон иштирок мекунанд.
Ноиби вазири нақлиёти Тоҷикистон Шодимат Мирзоолимов гуфт, боз кардани ин долонҳои нақлиётӣ ва таъмини ҳаракат дар онҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки муҳот ба хушка мебошанд, муҳим аст. Дар нишаст инчунин мебоист, масъалаи эҷоди сабукӣ дар ҳаракати одамон ва бору коло ба воситаи шабакаи роҳҳои кишварҳои узв баррасӣ мешуд, вале бо пешниҳоди вазири нақлиёти Ӯзбакистон Рустам Муҳаммадов ин масъала аз рӯзнома берун гардид. Муҳаммадов мегӯяд, баррасии масъала омодагии муфассалро талаб мекунад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG